Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кӯшишҳои якҷоя дар самти пешгирии муноқишаҳо байни ҷавонон

 

Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе бо дастгирии ташкилоти “Дунёи бехатар” (Сейферворлд) ва ташкилоти шарик “АЗИТ” баҳри ҳалли мушкилот дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино вохӯрӣ бо иштироки фаъолон, раисони биноҳо, намояндагони мактабҳои миёна ва нозирони минтақавии милитсия ташкил намуд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова вохӯриро оғоз бахшида, ба ҳозирин оид ба сатҳи ҷиноят дар байни ҷавонону ноболиғон, тадқиқотҳо, тадбирҳое, ки барои пешгирии низоъ дар байни онҳо мусоидат мекунанд, инчунин масъулияти волидайн маълумоти муфассал дод.
Қайд гардид, ки яке аз сабабҳои ба миён омадани чунин мушкилот ин бетарафии аҳолӣ ва муттаҳид набудани кӯшишу амали якҷояи аҳли ҷомеа дар ҳалли ин масоил мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ, намояндагони бахшҳои фарҳанг, маориф ва илм, кор бо занони Ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар бахшҳои дахлдори мақомоти давлатии шаҳр баромад намуда, дар доираи мавзӯи мазкур муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ як қатор таклифҳои муфид пешниҳод гардиданд, аз ҷумла баъди соати 20:00 маҳкам кардани интернет-кафеҳо, дар як ё ду моҳ як маротиба гузаронидани маҷлиси умумӣ бо волидайн, бештар ташкил намудани вохӯриҳо бо иштироки нозирони минтақавии милитсия дар байни маҳаллаҳо, пешгирии фарҳанги бегона ва ғайра.
Дар рафти вохӯрӣ Гулпарӣ Латипова ба маълумоти ҳозирин расонид, ки тибқи лоиҳаи пешгирии муноқишаҳо дар байни ҷавонони ноҳияи Сино (маҳаллаи Зарафшон), ки аз 1 декабри соли 2016 оғоз гардидааст, аллакай як қатор вохӯриҳо ҳам бо фаъолони маҳалла ва ҳам бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳраки Зарафшон баргузор карда шуданд.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур 5 дружиначӣ ва 1 нозири минтақавии милитсия, ки бо либоси махсус ҷиҳозонида мешаванд, дар шаҳраки мазкур баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд. Инчунин дар назар дошта шудааст, ки банерҳои тарғиботӣ оиди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва содиркунии ҷиноятҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда овезонида шаванд. Гузаронидани чунин вохӯриҳо то аввали моҳи апрели соли 2017 пешбинӣ шудаанд.
Х. Солиҳов, М. Тилавова.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Суғд: Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

    Санаи 23-юми январи соли 2020 вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ....

    24.01.2020 12:56
  • Дуздии таҷҳизоти ороишӣ аз дохили кошонаи ҳусн

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    24.01.2020 10:06
  • Садамаи нақлиётии марговар бинобар сабаби беаҳамиятии ронанда

    Рӯзи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи ....

    24.01.2020 10:03
  • Расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 35-солаи сокини деҳаи Хоҷамусои ....

    23.01.2020 10:23
  • Дуздии телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 44-солаи сокини ноҳияи ....

    23.01.2020 10:21
  • Дуздии 6-сар чорво аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 33-солаи сокини деҳаи ....

    23.01.2020 10:19
  • Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дучархарон ба ҳалокат расид

    Рӯзи 21-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.01.2020 10:18
  • Дуздии маблағ ва телефонҳои мобилӣ аз дохили автомашина

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    21.01.2020 10:37
  • Муайян ва ошкор шудани қаллобиҳо

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи ....

    21.01.2020 10:35
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагарди шахсияташ номаълум

    Рӯзи 19-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    21.01.2020 10:32
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика