Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо аҳолии шаҳраки Зарафшони ноҳияи Сино

 

Рӯзи 20-уми декабри соли 2016, Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи бехатар” (Сейферворлд) ва Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони шаҳракҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Гулпарӣ Латипова, Юсуфҷон Мирзоев, Давлат Ёров ва Раҳим Раҳимов оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани муноқишаи миёни ҷавонон маълумот доданд. Ҳамчунин, ёрдамчии сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш. Душанбе оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд.

Байни ташкилкунандагон ва иштирокчиён сӯҳбати гарм доир гардида, тавсия дода шуд, ки нозирони минтақавӣ ҳамеша бо аҳолӣ дар тамос бошанд, дар назди сокинони маҳаллӣ оид ба фаъолияташон ва вазъи криминогении минтақа ҳисобот диҳанд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи хурд, Шӯрои ҷамъиятӣ нақша дорад, ки аз ҳисоби ҷавонони ихтиёрии шаҳраки Зарафшон як гурӯҳе ташкил кунад, ки пайраҳагириро дар ин шаҳрак дар вақти шом ба дӯши худ дошта бошад. Ба аъзоёни гурӯҳ сару либоси ягона, дастбанд ва ҳуҷҷат дода мешавад, то ки онҳо вазифаашонро бе монеа иҷро намоянд.

“Бетарафӣ - бешарафӣ” – яъне таҳти ин шиор шаҳрвандон низ бояд бетараф набошанд, зеро он хиёнат ба Ватан-Модар ба ҳисоб меравад.

Барои пешгирии ҳама гуна ҷиноят, аз ҷумла муноқишаҳо байни ҷавонон, тарбия ва таълим муҳим аст ва барои он, ҳам волидайн, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа ӯҳдадоранд. Кӯдакон ва ҷавонон бояд вақти холии худро беҳуда нагузаронида, ба дарсҳои иловагӣ, кружокҳо ва дигар корҳои мусбӣ банд бошанд.

Лоиҳаи мазкур аз моҳи декабри соли 2016 то апрели соли 2017 амалӣ хоҳад гардид.

Н. Сангинова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика