Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69,№22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346,№7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, № 12, мод.640; с.2007,№7, мод.665; с.2008,№1, қ.1, мод.3, №6 мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986,№12, қ.2, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7-8, №7-8, мод.605; с.2012,№4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод. 199,№11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №;7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №1-2, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5 №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1 мод.1, мод.2), моддаи 3411 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3411. Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он
1. Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андози аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то д усол ҷазо дода мешавад.
2. Ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабақаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад,-
бо ҷарима ба андози аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 июни соли 2019
№1609
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>