Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ф а р м о н

  1. Вазорати корҳои дохилӣ:

Дар воҳидҳои кории Вазорат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо вазифаи сардори минтақаи хизматии милитсияро аз рӯи тобеият ҷорӣ намуда, бо назардошти хусусияти хизмат, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- бо назардошти афзоиши аҳолӣ, таъсиси шаҳраку деҳоти нав, ҷиҳати мутобиқ намудани фаъолияти нозирони милитсия ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили сохтор ва фаъолияти нозирони минтақавӣ, зиёд намудани шумораи онҳо аз ҳисоби шумораи умумии воҳидҳои кории мақомоти корҳои дохилӣ чораҳо андешад;

- Низомномаи нозирони минтақавии милитсияро бо назардошти минтақаҳои ҳудудии тартиботи ҷамъиятӣ, ӯҳдадориҳои вазифавии сардорони минтақаҳои хизматии милитсия ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва тасдиқ намояд.

- бо мақсади баҳогузорӣ аз рӯи пурсиши аҳолӣ ба натиҷаи кору фаъолияти нозирони минтақавии милитсия соле як маротиба ҳисобдиҳии онҳоро дар ҷаласаҳои вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар маҷлисҳои сокинони минтақаи вобастагардида таъмин намояд;

- дар раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, ноҳия ва минтақаи Рашт, мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани телефони бовариро ба роҳ монад;

- дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода «Барномаи (Стратегияи) дурнамои рушди милитися»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

- нозирони минтақавии милитсияро бо ҳуҷраҳои корӣ, таҷҳизоти зарурӣ, телефон ва дигарнамуди воситаҳои алоқа, мебел, компютер, воситаҳои нақлиёти хизматӣ (дар минатқаҳои дурдаст ва кӯҳӣ – бо аспҳо) таъмин намоянд;

- нозирони минтақавии милитсияро, ки дар минтақаҳои вобастагардида адои хизмат менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо манзили истиқоматии хизматӣ ё қитъаи замини наздилигӣ таъмин намоянд;

- бо мақсади беҳтар намудани ҳамкории нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани саҳму нуфуз ва нақши онҳо дар ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ ҷомеа таъсис диҳанд;

- Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъяитӣ дар ҳамкорӣ бо ахли ҷомеаро дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ намоянд;

- ҳамасола дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо озмуни «Нозири минтақавии беҳтарин» гузаронида, ғолибонро бо ҷоизаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сарфароз гардонанд;

- тавассути воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои кору фаъолияти нозирони минтақавии милитсияро мунтазам дастраси аҳолӣ гардонанд.

3. Аз натиҷаи иҷрои Фармони мазкур мақомоти дар банди 5 Фармон зикргардида ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

4. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.

5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо гузошта шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 июни соли 2012

№1291

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика