Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард

035-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мазбутов Аъзамҷон Эҳсонҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд дар назди бинои дорухонаи «Аслфарм», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Орипов Равшанҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Орипов Р. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми июли соли 2024, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри», Абдулҳақов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Д.Халқҳо ба самти кӯчаи Ваҳдат дар назди маркази савдои «Дурахшон»-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело», таҳти идораи Фатоев Сайдаҳмад, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» Фатоев С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Се нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
6-уми июли соли 2024, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Толибов Оллоназар, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чорсада ба самти деҳаи Нурбахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Азизҷони Тоҷиддин, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Азизҷони Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми июли соли 2024, тахминан соати 23:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Қаландаров Акмал, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Навоӣ аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Ғафуров, дар рӯ ба рӯйи беморхонаи шахсии «Асан»-и ноҳияи Сино, пиёдагард Ахмедов Наим, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ахмедов Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми июли соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа, дар километри 55-400-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи “Лексус RX 350”, таҳти идораи ронанда Замонов Беҳруз, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва расидан дар 57-400-ум километри ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дохили дарёи Варзоб чаппа кардааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Замонов Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика