Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

329-уми июни соли 2024, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира», Аминов Анвар Раҳимович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳамин шаҳр, баъди гузаштани чорроҳаи «Чашма» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Сулаймонов Раҳматтулло Қурбонович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст, ки дар натиҷа дучархарони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

10-уми июни соли 2024, тахминан соати 10:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Файзалиев Саъдулло Зубайдуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Нурзода Муздалифа Мустақим, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Нурзода М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
10-уми июни соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Умаров Шоҳмирзо Баҳронович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, аз самти вилилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 32+860 шоҳроҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни байни роҳи мошингард бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Умаров Ш.Б. ва мусофиронаш: Усмонов Муҳаммадалӣ Зафарович, соли таваллудаш 2004, , Худойқулова Санам Бердиевна, соли таваллудаш 1962, сокинони шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Ғафуров Баҳодур Бобомуродович, соли таваллудаш 1994 ва Худойқулова Ҳамроой Бердиевна, соли таваллудаш 1965, сокинони ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика