Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

0166-уми июни соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, Тошев Эҳром Эмомович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Деҳотӣ, дар рӯ ба рӯи яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Н.Қарабоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мототсикли тамғаи “WYS”, Арабов Ҳамидулло Давлатович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми бе рақами қайди давлатӣ ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Эсанбой ба самти деҳаи Хоҷабулбулони ҷамоати деҳоти Эсанбой қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Шайқулов Соатмурод Каримович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Қубодиён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Арабов Ҳ.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика