Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди деҳаи Фахробод

1486-уми июни соли 2024, тахминан соати 14:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Форд-Фокус”, Файзуллоев Ҷамшед Анварович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Фахробод бо суръати баланд ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори иҳотавии миёнаи роҳ бархӯрда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиэло”, таҳти идораи Қурбонзода Ансор Алиҷон, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Левакант бархӯрдааст.

Сипас, самти ҳаракаташро дигар намуда ба автомашинаи “Тайота-Камри”, таҳти идораи Ёрмаҳмадов Муҳаммадҷон Хайруллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Форд-Фокус”, Расулов Амирҳамза Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиэло” Қурбонзода А. ва мусофири автомашинаи “Тайота-Камри”, Қурбонов Махсум Боймуродович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика