Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

1142-юми июни соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Муҳтоҷев Абдулло Мирзоевич, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи кӯчаи А.Ҷомӣ аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Мунира Музафаровна, соли таваллудаш 1988, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Сафарова М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 4-уми июни соли 2024 ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 4-уми июни соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Панҷиев Баҳодур Гилдиёрович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳия, дучархарон Примов Бахтиёр Оҷилович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Примов Б.О. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика