Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

907Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати БДА пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳру навоҳии мамлакат мебошад. Аз дигар тараф, аз таҳлилҳо бармеояд, ки вақтҳои охир дар роҳҳо ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, бахусус бо иштироки ноболиғон бештар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, баргузории озмунҳо, пеш аз ҳама дар байни кӯдакону наврасон бобати омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷиҳати пешгирии сабабҳои рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо бо иштироки кӯдакон мусоидат хоҳад кард.

908

Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат», ки бо дастгирии ВКД ва РБДА ВКД аз 26-уми май то 1-уми июни соли равон дар Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” 11-умин бор баргузор гардид, пеш аз ҳама омили мустаҳкам ва густариш намудани дӯстиву бародарӣ дар байни иштирокчиёни дастаҳои озмун мебошад.
909Дар озмуни имсола 9 дастаи беҳтарини «Нозирони навраси ҳаракат» аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва Рӯдакӣ иштирок намуда, аз рӯи 10 намуд шарт сабқат намуданд. Иштирокчиёни дастаҳоро кормандони БДА ва намояндагони шуъбаи маориф ҳамроҳӣ карданд.910
Дар асоси ҷамъбасти ҳакамон ҷойи якум насиби дастаи Нозирони навраси шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюм ба тими Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Душанбе ва дастаи ВМКБ лоиқ дониста шуд. Ҷойи сеюмро бошад, дастаҳои Нозирони навраси вилояти Суғд, Гимназияи 74-и шаҳри Душанбе ва Гимназияи давлатии рақами 1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовор гардиданд.
912Иштирокчиён дар вақтҳои холӣ ба боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ҷойҳои таърихии шаҳри Душанбе рафтанд ва тамошои боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои таърихии пойтахт ба онҳо таассуроти нек гузошт.
Ҳамчунин, ҳар бегоҳ дар саҳни бинои осоишгоҳ бо иштироки дастаҳо ва роҳбарони онҳо шоми фароғатӣ гузаронида шуд, ки ин амали нек, пеш аз ҳама аз ҳунару истеъдод ва дӯстиву муҳаббати иштирокчиён дарак медод.
Дар шартҳои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, велосипедронӣ, қадамзанӣ ва навиштани иншо фаъолнокии аъзои дастаҳо назаррас буд. Яке аз сабабҳои асосии дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмуни имсола дар он буд, ки ҳамарӯза сардори Раёсати БДА ВКД генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод аз рафти баргузории он дидан менамуд ва ба аъзои ҳакамон пайваста дастур дода мешуд, ки шартҳои озмун бояд дар сатҳи баланд, танҳо дар асоси малака, истеъдод, ҳунар ва дониши иштирокчиён баҳо дода шавад. Аз ин ҷост, ки озмуни навбатӣ ҳам аз нигоҳи касбият ва ҳам аз нигоҳи ташкилӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Гузаронидани озмуни мазкур бори дигар аз он шаҳодат дод, ки имрӯз воқеан кӯдакону наврасон нисбати омӯзиши аломат ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста талош меварзанд.
Саймумин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДАВКД ҶТ, полковники милитсия
Абдулло Муҳаммадиев, рӯзноманигор




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика