Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Лахш

323-юми июни соли 2024, тахминан соати 21:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-24”, Набиев Ҳабибулло Авлобердиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мототсиклрон Кенҷаев Темур Валиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, Кенҷаев Т.В. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 4-уми июни соли 2024, тахминан соати 10:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Лоиқов Фарух Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сайрон ба самти маркази ноҳияи Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракаи роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “ТИКО”, таҳти идораи ронанда Вайсов Азизулло Асламович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ТИКО”, Тайтов Ардақул, соли таваллудаш 1941, сокини ноҳияи Лахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “ТИКО” Вайсов А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика