Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия якчанд ҳолати қаллобиро вобаста ба хариду фурӯши автомашина ошкор намуданд

157Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми феврали соли 2024, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 32 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъди ду рӯз ба ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ”, соли бароришаш 2017-ро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муаяйн карда шуд, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи Вахш аввалҳои моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 186 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷи кишвар автомашинаи тамғаи “Лексус” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика