Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

6325-уми майи соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-07”, Эшов Некрӯз Ҳакимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баротова Манзура Саломовна, соли таваллудаш 1994 ва фарзанди хурдсолаш Боймирзоева Озода Бахтиёровна, соли таваллудаш 2023, сокинони ҳамон ҷоро пахш намудааст.

Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
25-уми майи соли 2024, тахминан 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоҷонов Фарҳодҷон Муҳсинҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди мавзеъи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Шодиев Қаноатшоҳ Наҷмуддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоҷонов Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мусофири он Раҷабов Дилшод Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хуҷанд, аз ҷароҳатҳои гуногуни бардоштааш дар беморхона вафот кардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика