Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи мототсикл ва дучархарон дар садама

00522-юми майи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “GSX Suzuki”, Сармисоқов Холбой Ҷойлобович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Лексус RX 400”, таҳти идораи Бобоев Ғолибҷон Носирхонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Сармисоқов Х.Ҷ. ароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
22-юми майи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-Спортеҷ», Ҳамроев Ғайрат Восидович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри мазкур, дучархарони ноболиғ Юсупов Бахтовар Абдумаликович, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин шаҳрро, ки дар роҳи дуюмдараҷа ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Юсупов Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷимонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика