Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани якчанд ҳолати қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

03Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми марти соли 2024, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Кемри-3”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, 50 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 100 ҳазор сомониашро то ҳол пардохт накардааст.

Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми июли соли 2023, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 126 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани дарҳои манзили истиқоматӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи “Колхози Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 225 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика