Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ

130

9-уми майи соли 2024 тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Урал АТЗ”, таҳти идораи ронанда, Аҳмадов Қурбоналӣ Турсунович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулоб”, дар километри 66-ум ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Нисан Патфиндер”, таҳти идораи ронанда, Сафолов Нодирҷон Аминович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Нисан Патфиндер” Хоҷаназаров Тоҷмуҳаммад Ҳамзақулович, соли таваллудаш 1974, Ашурова Донагул Чойлобовна, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Қаландаров Аҳмадҷон Достиевич, соли таваллудаш 1971 сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оиди ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика