Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархӯрди автомашина ба харароба боиси марги 2 нафар гардид

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

7-уми майи соли 2024, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Эпсон”, Шодиев Яҳё Раҷабович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар 252-юм километри ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби харароба, ки дар як самт бо канори рости роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, шаҳрвандоне, ки дар болои харароба нишаста мерафтаанд; Отаева Этибос, соли таваллудаш 1995 ва хурдсол Қурбонова Маҳина, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, хурдсол Қурбонов Кароматулло, соли таваллудаш 2018 сокини ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика