Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномасупории ботантана ба хонандагони шаҳри Гулистон

526Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД дар самти таъмини шаҳрвандон бо шиноснома фаъолияти хизматиашро нақшабандӣ ва дар ин раванд корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо аҳолиро вусъат бахшид.527

Муоширату роҳнамоии шаҳрвандон ба риояи қоидаҳои шиносномадорӣ, ҳамчун далели пурзӯр гаштани корҳои фаҳмонидадиҳӣ гувоҳӣ аз он аст, ки хизматрасонии шоиста ба аҳолӣ дар шаҳри саноатии ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд мавқеи муҳими самти фаъолият ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон мебошад.
528Ҳафтаи гузашта ҷамъомади тантанавии навбатии шиносномасупориро ҳайати шахсии хадамоти мазкур дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳри Гулистон бо хонандагони се муассисаҳои таълимӣ - Гимназияи №1 ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 14-и шаҳри Гулистон баргузор намуданд.529
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Гулистон майори милитсия Сулаймон Тағоймуродзода маълумоти заруриро оид ба қоидаҳои шиносномадорӣ ба ҳозирин расонида, таваҷҷуҳи хонандагонро барои саривақт таҳияи шиноснома, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуд.
530Мавсуф таъкид дошт, ки ҳар шахси ба синни 16-сола расида уҳдадор аст шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад. Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва масъули Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар хусуси интихоби тарзи ҳаёти солим, худдорӣ кардан аз содирнамоии ҳуқуқвайронкунию ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, саҳм гузоштан дар ободии мамлакат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷавонону ноболиғон ва масъалаҳои доғи рӯз маърузаи пурмуҳтаво намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба 30 нафар хонанда дар вазъияти тантанавӣ шиноснома супорида шуд, ки хатмкунанда ва довталаби донишҷӯӣ мебошанд.
Ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Гулистон шиносномаҳои омодагардидаро ба соҳибонаш супорида фазои хотирмонеро ташкил намуданд, ки муҳимияти шиноснома дар ҳаёти шахсро тасдиқ менамояд. Баргузории ингуна чорабиниҳоро дар тамоми муактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку деҳоти шаҳри Гулистон, ки 15 адад мебошанд, Хадамот ба нақша гирифтааст.
Илова бар ин роҳандозии вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ дар самти низоми шиносномадорӣ ва қоидаҳои он самти дигари фаъолият мебошад, ки метавонад ба сифати хизматрасонӣ таъсиргузор бошад. Коргузории мазкур тадбиқи мантиқии нақшаҳои фаъолият дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Аз тарафи дигар мушкилии пешомадаи корафтодагон барои ба расмиятдарории қоидаҳои буду бош ва гирифтани шиноснома, саривақт дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда бартараф карда мешавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика