Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ ва куштор

10Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, ки пеш бо моддаи 385 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 24-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, дар заминҳои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод бо ҳамроҳии зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур, як зарфи пур аз машруботро нӯшидаанд ва зани 39-соларо хоб бурдааст.
Гумонбаршаванда аз хоб будани ҷабрдида истифода бурда, ҳамёни ӯро кушода, маблағҳои пулиро дида, дасту пояшро бо селофани полиэтеленӣ бастааст. Сипас, селофани дигарро ба сараш кашида, ҳамзамон бо дастонаш гулӯяшро бӯғӣ карда, қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтааст.
Баъдан, гумонбаршаванда ҷасади марҳумро ба дохили ғор партофта, маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси”-и ӯро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2, банди “и” ва 249 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика