Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Ҷилои Парчам» дар ВКД

397

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст,
Парчами ту аз ҳама болотар аст.
Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Бо чунин мисраъҳои пурмазмун аз забони муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Бибиноз Хушвахтзода шурӯъ гардид конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Ҷилои Парчам». Ин ҷаласа дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки доираи васеи кормандони милитсия ва курсантони Академия баргузор шуд.

398

Бибиноз Хушвахтзода посдорони сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, барояшон дар кору зиндагӣ барору муваффақият таманно намуд.

399

Номбурда дар идома гуфт, ки дар ҳақиқат, имрӯз Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Парчам ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии мардони фарҳангии мо буда, мақсаду мароми сокинони Тоҷикистонро инъикос намудааст.

406Дар идома мудири кафедраи фанҳои фалсафа ва гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад дар мавзӯи «Парчам - рамзи муҳими давлатдорӣ» баромад намуд.

Ба таъкиди номбурда, дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

405

Ҳамзамон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД полковники милитсия Бойзода Ҷамшед Ҷумабой дар мавзӯи «Парчамдорӣ - ифтихорӣ миллати тоҷик» маърӯза намуд.

Бойзода Ҷамшед иброз дошт, ки муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.

Ҳамчунин, дар идома қироати шеърҳо дар васфи парчам, давлатдорӣ ва ватандӯстӣ аз ҷониби курсантони Академияи ВКД ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳорати баланд қироат карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ Парчами давлатӣ ба таври мутантан ба толор ворид ва дар интиҳои ҷаласа аз толор бароварда шуд.
Наврӯз Ҷобиров,
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика