Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон:Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

393

23-юми ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Парчам - Рамзи давлатдорист! ", бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ, меҳмонон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар баргузор гардид.394

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид кардани Парчами давлатӣ ба толор оғоз гардид.
395Сардори Раёсати мазкур генерал майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан қисмати тантанавиро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд кард, ки: “Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих, фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад.396
Парчам муаррифгари давлату миллат ба ҳисоб рафта, баҳри арҷ гузоштан ва эҳтироми он ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад».
Сипас муовини аввали сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Саидзода Тоҷиддин дар суханронии худ баён дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо буда, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Дар рафти чорабинӣ устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Саиднуриддинзода Аҳлиддин ва чанд нафар аз иштирокдорон оид ба пайдоиш ва таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин парчами муқаддас ливои озодию истиқлол, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.
Парчами мо рамзи давлатдорӣ аст,
Нангу ору ҳастиву ҳушёрӣ аст.
Меҳрборӣ, шаъну, сулҳу дӯстӣ,
Дар ҷилояш ғайрату бедорӣ аст.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика