Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зи парчами баланди сулҳ бар ҷаҳон расидаем!

388

24-уми ноябри соли 2023 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда шуд.389

Зимни оғози чорабинӣ аз тарафи муовини сардори Сарраёсати мазкур, полковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода М., баромад намуда, зикр кард, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Сарвари давлат ба парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24 - уми ноябр таҷлил карда мешавад.
390Инчунин, иброз карда шуд, ки маъракаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчам дар Тоҷикистон ҳанӯз якчанд рӯз қабл оғоз шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат гувоҳӣ медод. Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад.391
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон будааст.
392Дар давоми чорабинӣ муаллими кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос дар мавзӯи «Парчам - рамзи сарбаландии миллат» ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, баромад намуда, зимнан иброз дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа, бахусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намоянд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оваранд. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.
Давлатзод З., корманди СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика