Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздии маблағ, телефон ва чорво

98Ба ШВКД дар шаҳри Гулистон бо ариза марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми ноябри соли 2023, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз он ҷо 1 ҳазору 300 сомонӣ, 12 ҳазор рубли русӣ ва 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг А-3”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 5 ҳазору 370 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи марди 63-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 5 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, ки пеш бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика