Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани кирдорҳои қаллобӣ дар мавридҳои гуногун

25Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 20-уми майи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри»-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи апрели соли 2023 ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-РХ 350» ва 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 105 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 14-уми майи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ барои фурӯш 145 сар чорвои майдаи шохдор ва 4 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 303 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 250 ҳазор сомонӣ бо мақсади тиҷорат гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика