14-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 180», Наимзода Шаҳбоз Сулаймон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти муқобил баромада, ба монеаи бетонии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Наимзода Ш.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Буриев Сафиаллоҳ Шодибекович, соли таваллудаш 1994, Норқулова Холида Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1986, сокинони ноҳияи Ёвон, хурдсол Бахтиёрзода Имрон, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, хурдсол Қараева Лутфия Маъруфовна, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Ёвон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ду нафар мусофирони дигари автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
15-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», Ҷабборов Асадулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди кӯчаи Назаршоев аз тарафи кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи А.Дониши пойтахт, дар назди маркази савдои «Садбарг» фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба қисмати паҳлӯи тарафи росташ ба қисмати паҳлӯи тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», таҳти идораи ронанда Ҷамилов Ёқуб Файзиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Ҳамин тариқ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Спринтер» Ҷамилов Ё. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада бо қисмати пеши тарафи росташ ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, сутуни ҷароғаки роҳнамо шикаста ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Азимов Иброҳим Муҳаммадраҷабович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст.
Мутаассифона, ноболиғ Азимов И.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, баъдан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>