Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва ду мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ

2113-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри», Каримов Абдулмуъмин Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Камаз”, таҳти идораи Меҳторов Муҳаммад Салимович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри», Каримов А.А. ва мусофирони дохили автомашина, Файзалиев Сайфиддин Сафарович, соли таваллудаш 2000, Каримов Гулмурод Насимович, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз», Mеҳторов М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика