Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

1191-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мухторов Сайдаҳтам Абдулазизович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар 140-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма”, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти ҳаракати муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қабулов Эраҷ Ҷорубович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Данғара, ки дар канори чапи роҳи мошингард таваққуф карда буд, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Рамазон Бобовалиевич, соли таваллудаш 1989 ва Амирхоҷаев Шавқат Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.
Мусофир Бобоев Р.Б. баъди 3 соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-350”, Мирзохӯҷаев Олимҷон Миримшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷатӣ ронандагӣ аз самти шаҳри “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Ворисов Балаҷон Алимҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрда, сипас автомашинаи мазкур ба канори чапи роҳ баромада, ба воситаи нақлиёти дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс-5151СDI”, таҳти идораи ронанда, Маҳмадаминов Муртазо Маҳмадмусоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронадаи автомашинаи “Мерседес-Бенс-350” Мирзохӯҷаев М. ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Ворисов Б. ва мусофирони автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Қосимов Худойберди Шораҳматович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд ва мусофири дигари автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Эшонова Зебунисо Абдулҳамидовна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика