Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо домодаш марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз сабабе, ки бо духтараш ҷангу ҷанҷол намудааст, муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапаш зарба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 66-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 21-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:00, дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур, бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатиаш, 1 маротиба бо корди хочагӣ ба баданаш зарба зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>