Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ

2022-юми октябри соли 2023, соати 03:18-дақиқа, дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонии ҶДММ "Ваҳдат"-и ба номи Ҷӯраев Бақо, воқеъ дар кӯчаи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд, сӯхтор ба амал омадааст.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор дар масоҳати 94 метри мураббаъ дохилу болопӯши мағозаҳоро фаро гирифта, хавфи паҳн гардидани он ба дигар қисмҳо ва нуқтаҳои савдо ба миён омадааст. Ҳангоми ҳодисаи мазкур 4-адад дӯкони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сӯхта зарар дид.
Сӯхтор соати 04:14-дақиқа аз ҷониби оташнишонон ва 5-адад нақлиёти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш гардид. Ҳаҷми маблағи масолеҳи аз сӯхтор эмин монда, зиёда 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳодисаи сӯхтор санҷиш идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика