29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Раннер”, Муҳаммадлатифи Абдунабӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, бо роҳи дуюмдараҷа ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Амиров Авазхон Талабович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Раннер”, Холов Иброҳим Абдукаримович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Алиҷонзода Абдулализ Алиҷон, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 128-650-уми шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балхӣ, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қисми чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, Алиҷонзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», Мухшулов Манаваршо Якубович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Исфара-Конибодом”, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷамоати Нефтобод қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба дарахтони канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Кузиев Фаррух Мақсадҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо санҷиш идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>