Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16 ва марди 29-солаи сокинони ноҳияи Рашту шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 29-уми августи соли 2023, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Митишинаи вилояти Москваи Федератсияи Россия қарор доштанашон, куштори ҳамзисташон, марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстиро таҳрезӣ карда, ӯро бо истифода аз “гантел” ва корд ба ҳалокат расонида, маблағҳояшро гирифта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>