Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани якчанд ҳодисаи дуздӣ ва дастгир гардидани ҷинояткорон

143Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба «Мағозаи фурӯши 1001 майда чӯйда», воқеъ дар кӯчаи Гипрозем шуда, аз онҷо 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматӣ, 1-адад дучархаи тамғаи “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика