17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров Имомҷон Азимович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи Поён”, воқеъ дар километри 121-1200 ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, таҳти идораи ронанда, Мирзоев Иззатулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Мирзоев И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур, Абдуҳалимов Эмомҷон Абдурозиқович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров И.А. ва мусофираш Ахмедова Назокат Давлатовна, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 11:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Шораҳматов Бобо Шоабдуллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Исфара ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Кучкак-Исфара-Гулистон”, дар километри 11,5-уми шоҳроҳи “Исфара-Хуҷанд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», таҳти идораи ронанда, Раҳимов Парвиз Раҳимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархурдааст.
Дар натича, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Шораҳматов Б.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Сафаров Фарзон, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас ба ҳалокат расидааст.
17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи аавтомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳкамов Шокир Тағоймуродович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тағоев Муқимҷон Бегматович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тағоев М.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>