Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздии марди 41-сола

72Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки 19-уми августи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Варзоб даромада, аз он ҷо 4-адад қолин ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 13 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, 27-уми феврали соли 2023, ба истироҳатгоҳи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика