15-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Мухторов Акрам Нигмонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Қумсангир, аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Футон”, таҳти идораи, Давлатёров Ғиёсиддин Мусаёрович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мухторов А.Н. ва мусофираш Мирова Баргигул Хушқадамовна, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
15-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Актирос», Юнусов Қаҳрамон Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар мавзеи Хуюҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натича, ронанда Юнусов К. ба дохили дарёи «Фон» афтида, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>