Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

4O6A3958

Рӯзҳои 13-15-уми сентябри соли 2023, аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳавзи шиноварии навбунёду замонавии Қасри намудҳои варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

34Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда мешавад, варзишгарони шиновар аз 4 дастаҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон бо теъдоди беш аз 70 нафар иштирок намудаанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
35Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баромад намуда, зикр кард, ки варзиш дар баробари таъмини солимии рӯҳию ҷисмонӣ, инчунин пайвандгари дӯстиву рафоқат ва эътимоду боварӣ дар миёни одамон ва қавму миллатҳо ба ҳисоб рафта, ҳар як варзишгар метавонад бо дастовардҳои худ, миллат ва давлати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.36
Беҳуда намегӯянд, ки варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ аст. Зеро варзиш новобаста аз мазҳабу миллат, дину ойин ва забон инсонҳоро ба ҳам муттаҳид сохта, алоқа ва робитаҳои байни давлатҳоро мустаҳкам менамояд.
37Сипас, мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар мебошад, ҳозиринро ба мусобиқаи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно кард.38
Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ Вазири Вазорати варзиши Ҷумҳурии Туркманистон Сапаров Аллаберди Оразмамедович иштирок намуд.
Варзишгарон тайи се рӯз қувваозмоӣ намуда, ҷойи якум насиби тими мунтахаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷойи дуюм насиби тими мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷойи сеюмро тими мунтахаби Ҷумҳурии Туркманистон соҳиб гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷом, медал Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо ва дӯстиву рафоқат мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика