Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми феврали соли 2023, тахминан соати 15:00, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки арзишаш 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 2 рӯз бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба маблағи 80 ҳазор сомони фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, номбурда 4-уми феврали соли 2023, тахминан соати 15:00, дар маҳаллаи Испечак, бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350», ки арзишаш 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаи мазкурро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағашро бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Кулоб аризаи зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки аз соли 2020 то 20-уми январи соли 2023, зани 26-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва маблағҳои пулиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 627 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони молу мулкӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш соли 2021 бо моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 23-юми январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи бародарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 54-солаи сокини шаҳри Турсунзода, оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи шаҳрванди Федератсия Россия даромада, хонаи истиқоматии марҳум модараш, воқеъ дар шаҳри Хуҷандро ба маблағи 262 ҳазор сомонӣ фурӯхта, 180 ҳазор сомониро ба охирон интиқол дода, боқимонда 82 ҳазор сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>