Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

106

20-уми марти соли 2023, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати Вазорат ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ доир гардид.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрока аз қабили гушт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, тухм, орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.107
Маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барои ғанӣ гардонидани дастархони идона мусоид хоҳад буд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика