17-уми марти соли 2023, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шерхонов Ҳабибулло Искандарович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Давлатов Сафар Фақирович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Давлатов С.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
17-уми марти соли 2023, тахминан соати 10:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри”, Раҷабов Шамсиддин Абдулфайзович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар гузаргоҳи автомобилии фосилароҳи “Спитамен-Ҷ.Расулов”, дар километри 57-ум пикети 6 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо Тепловози ТЭЗЗА-0178 таҳти идораи машинист, Абдурасулов Далерҷон Собирҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Раҷабов Ш.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>