Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавониро саодатманд ҳамчун Садр бояд кард!

1 4

Рӯзи 14-уми март дар Академияи ВКД даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии "Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон - наҷотбахши сайёра" доир гардид. Дар озмуни мазкур зиёда аз 120 нафар ҷавонони фаъоли кишвар иштирок намуда, вобаста ба мавзӯи матраҳгардида мақолаҳо пешниҳод намуданд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳоро ҳакамони озмун муайян карданд.1 6
Дар оғоз, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб суханронӣ намуда, вобаста ба ҷонибдории ҷавонони кишвар аз иқдомҳои роҳбарияти олии мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, мавсуф вобаста ба саҳми ин қишри ояндасози кишвар дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ андешаронӣ кард.
1 2Номбурда дар идома гуфт, ки бо иқдомҳои созандаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамасола дар ВКД озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонони фаъол роҳандозӣ карда мешавад.
Бо мақсади дастгирии ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон миёни наврасону ҷавонони фаъоли кишвар - аз 14-сола то 30-сола, давоми моҳи аввали соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии "Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон - наҷотбахши сайёра"-ро роҳандозӣ намудем.1 7
Боиси хушнудист, ки дар ин муддат аз тамоми гӯшаву канори кишвар мақолаҳо доир ба ин мавзӯъ пешниҳод карда шуданд.
Ҳамчунин, пас аз пурсишҳо вобаста ба мақолаҳои пешниҳодгардида аз тарафи доварони озмун бо муаллифон суолу ҷавоб сурат гирифт.
Ҷойи аввал ба Фахриёр Хуҷамбердиев - донишҷӯйи курси чоруми факултети экология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо навиштани мақола дар мавзӯи "Обшавии пиряхҳо яке аз проблемаҳои ҷомеаи имрӯза" сазовор дониста шуда, ба гирифтани 2000 сомонӣ мушарраф гардид.
1 1Зинаи дуюмро ду нафар бо ба даст овардани 1000 сомонигӣ, Мақсудҷон Гулов - корманди Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ ва Мавзунаи Саидшо - донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Ҷойи сеюмро бо гирифтани 500 сомонигӣ 6 нафар соҳиб шуданд, Толибҷон Саидов - курсанти курси 3-юми Академияи ВКД сержанти хурди милитсия, Шириншо Нуруллозода - корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, Мавзуна Мамадхонова - хонандаи синфи 10-и МТМУ №1 ба номи А.С. Пушкини шаҳри Исфара, Нурбибӣ Бобоева - магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муқаддас Шобулбулова - донишҷӯйи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, Суҳроб Ҷалолов - корманди ДДҲБС дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, ба 17 нафар ҷавонони дигар барои нишон додани фаъолнокӣ туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар идома, иштирокчиёни озмун аз бинои боҳашамати Академияи ВКД ва дастовардҳои он дидан намуданд. Дар саҳни ин муассисаи олии касбӣ аз ҷониби курсантон машқҳои гуногуни низомӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз Маҷмааи "Кохи Наврӯз" дар маркази шаҳри Душанбе низ дидан намуданд. Тавре зикр карда шуд, Маҷмаи «Кохи Наврӯз» бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ ва сангтарошӣ истифода бурда шудааст.1 10
Барои болидарӯҳӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии иштирокчиён озмун дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишнома таҳти унвони "Аскарӣ", дар иҷрои ҳунармандони театри мазкур манзури онҳо гардонида шуд.
Муҳтавои намоишномаи "Аскарӣ" - ба хизмат ҷалб кардани ҷавонон на аз роҳи маҷбурӣ, балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва бедор кардани ҳисси миллӣ дар дили ҷавонон, он метавонад ҳувияти миллиро дар дили ҳар як ҷавон бедор созад. Ҳамин тавр, ҳама чиз иваз шаванда аст, аммо Ватан бошад, бо шарофати фарзандони баору номусаш ба таври абадӣ мемонад. Аз ин рӯ, ҳимояи ин марзи муқаддас ба дӯши ҷавонони баору номус мебошад.
- Барои тинҷиву оромии Ватан бояд ҷаҳду талош кард, онро бо тамоми ҳастӣ дӯст дошту ҳифз кард. Ба қадри Ватану неъматҳои он бояд расида, аз он ифтихор кунем, то ки Ватан ҳам моро қадр кунаду ифтихор аз ҳар яки мо кунад. Фақат ҳаминро дар ҳушу гӯшатон гиред, ки хашму ҷаҳлу ҷоҳилӣ ҳеҷ вақт ҳеҷ касро ба муроди некаш нарасондааст - ин буд муҳтавои намоишномаи "Аскарӣ".
Иштирокчиён аз он ғизои маънавӣ гирифтанд.

 

Тоҷиддин ЛАТИПОВ,
Абдулло Шоҳиён,
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика