Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманди кормандони милитсия бо масъулини маорифи ноҳияи Сино

85

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш роҳнамоӣ сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа дар бинои МТМУ №90-и ноҳияи Сино мулоқоти судманд бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино ва расиони кумитаи маҳаллу фаъолони ҷомеа доир гардид.86

Дар ин вохурӣ сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини раиси ноҳияи Сино Каримова Ашурбӣ Одинаевна ва сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд.
87Чуноне таъкид гардид, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.88
Ба иттилои ширкаткунандагони ин мулоқот, гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад, ҳам ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ба назар мерасад.
89Ҳарчанд сол аз сол сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфтааст. Вале чуноне таъкид гардид, ҳамаи ин нишондиҳандаҳо кофӣ набуда, бояд ҳамагон ба таври дастаҷамъона дар тарбияи наврасон саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли донишманду ватандӯст вобастагии калон дорад.90
Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика