Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

59

27-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Бояков Шаҳриёр Мустафоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат аз самти терминали мусофиркашонии шаҳри Кулоб ба маҳаллаи Чармгарони поён, бинобар сабаби яхпӯш будани сатҳи роҳи автомобилгард аз уҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатов Мизробхон Анварович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
27-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 16:40-дақиқа, дар роҳи мошингарди ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиддеҳ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бобоев Хонагирин Толибҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва расидан дар дохили нақби “Истиқлол” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Шакман», таҳти идораи ронанда, Файзуллоев Ҳамдам Абдухолиқович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи “Опел-Астра”, Бобоев Хондамир, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика