Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ вобаста ба барнагардонидани маблағ

046

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 55-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда шудааст, ки ӯ аз моҳи май то моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 156 ҳазор сомонӣ гирифта аз он 33 ҳазору 500 сомониро баргардонида, боқимонда 122 ҳазору 500 сомониашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст, ки ӯ аз 17-уми сентябр то 27-уми ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 16 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 93 ҳазору 800 сомонӣ ғайринақдӣ гирифта, аз он 19 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 74 ҳазору 800 сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика