Ҷиҳати таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон» ва риояи меъёрҳои санадҳои мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо пайваста вохӯриҳои мақсаднок доир карда мешавад.
Чунин як вохӯрии судманд бо ҳамаи директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ва падару модарони хонандагон ҳайати омӯзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини раиси ноҳияи мазкур Каримова Ашӯрбӣ, сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, намояндагони РВКД дар шаҳри Душанбе, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Файзуллозода Илҳом ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати иштирокчиёнро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Сипас, сардори РОПҲНҶ ВКД, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда, оид ба машғул шудан ба донишомӯзиву хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда, аз падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас саҳлангорӣ накарда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд. Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошии ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуданд.
Абдулло Шоҳиён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>