Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба даст афтодани авомфиреб

046

Зимни гузаронидани коркардӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноӽияи Сино марди 30-солаи сокини шаӽри Ӽисор ӽамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии зани 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 6 ӽазору 800 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин боз бо роӽи фиреб ба боварии зани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 112 ӽазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ як хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накардааст.
Ӽамзамон худи ӯ бо ӽамин тарзу усул ба боварии марди 26-солаи сокини шаӽри Ваҳдат даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Лэнд Крузер-200»-ро ба маблағи 280 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 80 ӽазор сомониро баргардонида боқимонда 200 ӽазор сомониашро ваъда додааст, ки баъди 40 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Илова бар ин номбурда бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии марди 42-солаи сокини шаӽри Душанбе даромада аз ӯ автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри»ро ба маблағи 235 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ба ӯ низ 80 ӽазор сомонӣ дода, ваъда додааст, ки боқимонда 155 ӽазор сомониашро дар муддати 1-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ӽамзамон, худи ӯ боз бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ такроран ба боварии охирин даромада, аз ӯ боз як адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-450»-ро ба маблағи 235 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ ин маблағӽоро низ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накардааст.
Оид ба ӽолатӽои дар боло зикргардида тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика