Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

008

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, зани 28-солаи сокини ноҳияи зикргардида, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш матоъҳои гуногун меорад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Номбурда, бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2022 ба боварии зани 64-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри дар боло зикргардида матоъҳои гуногун оварда, баъдан маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, гурехта гаштааст.
Гумонбаршаванда бо ҳамин тарзу усул моҳи январи соли 2022 ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ барои ба тиҷорат машғул шудан маблағи 71 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, то ҳол ӯро фиреб дода маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика