Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе одобу фарҳанги баланди ифтихоромез дорад!

354189

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду такомули ҳамаи соҳаҳои мамлакат, осудагии халқ, сериву пурии мулк саъю талошҳои зиёд ба харҷ дода шуда, рушди устувори ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ободиву зебоии кишвар таъмин гардидааст. Истиқлоли давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд. Боиси хурсандии мардуми мамлакат аст, ки имрӯзҳо даврони бузурги бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзию шукуфоиҳои пойтахт ва кишварамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта истодааст.

Дар замони ташаббускориҳои бемисл ва бунёдкориҳои азими бесобиқа симои пойтахтамон то ба дараҷаи ношинохтанӣ дигар гардида аст. Душанбеи азизи мо ҳар моҳу ҳар ҳафта, ҳар соату ҳар лаҳза симои худро зеботар месозад ва ин ҳама эҳёгариҳо бо суръати баланд идома доранд. Дар ин раванд наметавон нақш ва саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтамонро таҳти роҳбарии Раиси ташаббускори шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ин созандагиву ободкориҳо хеле бузург аст, нодида гирифт. Метавон садҳо мисолҳо овард аз бунёду эҳёгариҳое, ки бо ташаббус ва иқдомоти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯи кор омадаанд. Дар пойтахти мамлакат корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои баланди байналмилалӣ, пулҳои муҳташаму роҳҳои дуқабатаи замонавӣ, қасру биноҳои боҳашамат, майдонҳои варзиш, гулгашту боғу хиёбонҳои атрафшону муаттару сарсабз ва фаввораҳои оби зулол дар намуди зебо, ки дар гузашта орзуяшон мекардем ҳоло бунёд гардидаанд ва ин падидаи нек боз ҳам вусъати бесобиқа гирифта истодааст.
Аз ҷумла, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ, 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани муҷассамаи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе боиси ифтихору сарфарозӣ ва хурсандию хушҳолии тамоми мардуми кишварамон гардид. Зеро ҳадаф аз бунёди ин муҷассамаи зебо ва бемислу монанд дар пойтахти мамлакат пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатлорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки пойтахти ватанамон имрӯз ба яке аз мусоидтарин арсаҳои зуҳури чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар қабули меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи баландтарин бо суннатҳои баланди миллии тоҷикӣ эътибор ва мавқеи дурахшон пайдо кардааст.
Дар баробари ин, одобу фарҳанги шаҳрдории пойтахтамон имрӯз чеҳраи ифтихоромез дорад. Имрӯз симои пойтахт ва давлати азизи моро на фақат чорабиниҳои баланди сиёсию фарҳангӣ ва бунёдкориҳои беназир, балки бо ташаббусҳои Пешвои миллат дурахши суннату маросим, ҳунарҳои беназир ва симои зоҳирию маънавии миллии халқамон низ ҳусн ва маънои баланд бахшидаанд.
Душанбеи азизи мо бо суръати баланд ба сафи шаҳрҳои беҳтарин ва дидании дунё ворид мешавад, хусусан аз ҷиҳати ободию бунёдкорӣ, сарсабзию шукуфоӣ, тинҷию амонӣ, дастархондориву меҳмоннавозии тоҷикона, то ҷое, ки ошиқон ва орзумандони дидори шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони азизамон сол то сол дар дунё меафзоянд.
Дар таърихи инсоният тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрсоз, тамаддунофар ва фарҳангпарвар ном баровардаанд. Шаҳрсозӣ, ки асоси тамаддунофарӣ аст, аз шинонидани дарахт оғоз мегардад. Чанде пеш мо 5500-солагии Саразми бостониро таҷлил намудем, ки он намунаи барҷастаи шаҳрсозии тоҷикон дар таърих мебошад. Ба ин хотир ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе эҳёи суннати миллӣ ва идомаи рисолати тамаддунофарии миллати тоҷик аст.
Дар давоми роҳбарии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанберо ба як шаҳри замонавии ҳамешабаҳор мубаддал намуда, заминаҳои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварро гузоштанд. Иқдоми «шаҳри сабз» ин, пеш аз ҳама, бо парастиши фарҳанги экологии ҳар як шаҳрванди Душанбе марбут аст ва аз тарафи дигар ба баландшавии сатҳи донишҳои экологии ҷавонон, баланд шудани завқи эстетикӣ ё худ зебопарастии ҳар як сокини пойтахт заминаҳои воқеӣ мегузорад.
Ба андешаи инҷониб, сокинони шаҳри Душанбе, ки солҳои охир хеле фаъолона дар ободкории пойтахтамон иштирок мекунанд, ҳатман ин иқдоми Раиси шаҳри Душанберо дастгирӣ менамоянд. Онҳо на танҳо бо шинонидани дарахтҳо, балки шинонидани гул ва буттаҳои декоративӣ дар заминҳои назди манзилашон саҳми худро барои ба «шаҳри сабз» мубаддал гардонидани шаҳри Душанбе мегузоранд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо, бахусус насли ҷавони кишвар дар корҳои ободонию созандагӣ ҳамеша саҳмгузор бошанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКДҶТ

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика