Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои варзишӣ-фарҳангӣ дар Осоишгоҳи ВКД дар ноҳияи Рашт

 viber_2022-08-15_10-04-37-010

Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷиноят байни ноболиғону ҷавонон 13 августи соли равон дар Осоишгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва ҷавонони фаъол бо иштироки сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Саидзода М. Б. дар байни кормандон ва оилаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои истироҳат аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, чорабинии фарҳангиву варзишӣ, аз ҷумла бозиҳои шашкаву шоҳмот ва шеърхонӣ дар васфи Ватан-Модар баргузор гардид.
Иштирокчиёни ин мусобиқа дар ин бозиҳо фаъолона бо завқи баланд бозӣ карда маҳорати худро нишон доданд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Саидзода М.Б. ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқаҳо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 viber_2022-08-15_10-04-29-313Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика