Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Oшкорсозии 2 далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

 viber_2022-08-13_09-57-56-481 viber_2022-08-13_09-57-56-640

 

Аз ҷониби кормандони Шуъбчаи БДА Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳия, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Мутаассифона, ронандагоне пайдо мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳатто дар ҳолати мастӣ пушти чамбараки мошин нишаста, воситаи нақлиёти худро идора менамояд, ки дар бисёр мавридҳо ба садамаҳои нақлиётӣ дучор гаштаву ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар мегузоранд.

Ҳамин тариқ, 2 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, ки яке аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад, аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи мазкур ошкору муайян карда шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 5030 вв 03 РТ, Рустамов Бахтиёр Холмуродович, соли таваллудаш 1972, сокини н.Восеъ, ҷамоати деҳоти Абди Авазов, деҳаи Ҷавонӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 7248 нн 03 РТ, Имомов Мирзомурод Назарович, соли таваллудаш 1974, сокини н.Восеъ, ҷамоати Шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи А.Рудакӣ, ки дар ҳолати мастӣ нақлиёти худро идора мекарданд, аз ҷониби нозирони роҳ муайян карда шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, ба суди ноҳия ирсол карда шуд.
Санксияи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ кардааст.
Суди ноҳияи Восеъ мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Рустамов Бахтиёр ва Имомов Мирзомурод, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.
Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика