Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Марҳилаи якуми амалиёти "Нелегал-2022"

 viber_2022-07-04_13-51-16-094

Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи дастаҷамъи оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2022» ва иҷрои фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.04.2018 сол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 27июн то 04 июли соли2022, аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо марҳилаи якум амалиёти «Нелегал- 2022» ба роҳ монда шудааст.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
Рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардида истода аст.
Айни замон санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика